ТАҲЛИЛИ ХАРОҶОТ ВА МАНФИАТҲОИ СИМТУРИ БАРҚИИ ОФТОБӢ
ДАР МУҚОИСА БО НАМУДҲОИ АНЪАНАВИИ СИМТУРКАШӢ ДАР ШАРОИТИ ТОҶИКИСТОН

Ҳуҷҷати мазкур хароҷот ва фоидаҳо ва бартарияту нуқсонҳои усулҳои гуногуни симтуркаширо таҳлил мекунад.
Дар ҳуҷҷат ду намуди симтуркашии босифат муқоиса мешаванд, ки барои истифодаи дарозмуддат ва босамар ҷиҳати пешгирӣ аз вуруди ҳайвонот ба макони лозима пешбинӣ шудаанд. Ҳар ду навъи симтуркаширо метавон тақрибан 20% арзонтар сохт (масалан, тавассути зиёд намудани масофаи байни сутунҳо ё кам намудани шумораи ноқилҳои барқӣ), аммо ин ба фоиданокии ҳар ду нишондиҳанда таъсири манфӣ мерасонад.
Интихоби 1. Симтӯр
Симтуркашӣ бо тӯри симӣ дар сутунҳои пӯлодин навъи маъмултарини симтуркашӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Асоси кори он дар таъсиси монеа барои гузариш мебошад, ки ҳайвонот аз нигоҳи физикӣ онро гузашта наметавонанд. Барои иҷрои ин вазифа, баландии симтуркашӣ бояд кофӣ бошад (одатан 1.5м) ва сутунҳо бояд бо устувории зиёд насб гардида, масофаи байни онҳо наздик (2.5-3м) бошад, то ки ҳайвонот онро чаппа карда натавонанд. Қубурҳои пӯлодин беҳтарин интихоб мебошанд. Дар ҷойҳое, ки имкони кӯфтани сутунҳо ба замин нест, одатан таҳкурсии хурди бетонии пӯлодин рехта мешавад. Дар чунин тарҳ, симтуркашии симтӯрӣ бо таъмири кам ва то 20 сол хизмат мекунад ва қариб аз ҳама намуди ҳайвонот муҳофизат менамояд (ба истиснои харгӯшҳо, ки метавонанд дар сурати нарм будани хок зери симтӯрро кофта, гузаранд).

Симтуркашӣ бо симтӯр
Хароҷоти симтуркашӣ бо тӯри симӣ:
Барои симтуркашӣ бо симтӯр арзиш асосан ба дарозии симтур рабт дорад. Барои 1км симтур хароҷоти миёна чунин аст:

Бартариятҳо: Муҳлати дарози истифода, дастрасии осон ба маҳсулот, монеаи физикӣ новобаста аз таъминоти барқ
Нуқсонҳо: Арзиши баланди маҳсулот, ҳаҷми зиёди корҳои насб, ҳайвонот (ва одамон) дар ҳолати зиёд будани масофаи байни сутунҳо метавонанд симтурро чаппа намоянд.
Интихоби 2: Симтури барқии офтобӣ
Асоси кори симтури барқӣ аз дигар монеаҳои сирф физикӣ куллан фарқ мекунад. Ҳарчанд он низ маҳдудияти механикии гузаришро таъмин менамояд, механизми асосии таъсири он боздорандагӣ мебошад. Ҳангоми тамоси аввал ҳайвон зарбаи барқии дарднок (аммо безарар)-ро эҳсос намуда, зуд меомӯзад, ки аз симтур бояд дурӣ ҷӯяд. Бар хилофи дигар монеаҳои физикӣ, ҳайвон дар ҷустуҷӯи роҳе барои гузаштан аз симтур (аз боло, аз зери он ё бо вайрон кардан) вақт сарф намекунад, балки нигоҳ доштани масофаи бехатарро меомӯзад. Бо “зарба”- кофӣ ҳатто ҳайвоноти хеле қавӣ (буққа, хукҳои ваҳшӣ, гургҳо) дигар ба симтур наздик намешаванд. Бо ин тарз худи симтуркашӣ дар муқоиса бо воситаҳои анъанавӣ метавонад сабуктар (ва мувофиқан арзонтар) сохта шавад. Ҳарчанд дар Аврупо симтурҳои барқӣ сабук мебошанд (масалан, танҳо бо 1-2 сим ва масофаи байни сутунҳо 7-8м), Welthungerhilfe дар Тоҷикистон намунаи устуворро бо хусусиятҳои баланди муҳофизатӣ, ки муҳлати хизматаш аз симтуркашии симтӯрӣ камтар нест, татбиқ (ва тарғиб) менамояд. Лоиҳаи маъмулии WHH (ки асоси ин муқоиса мебошад) аз 7 ноқили барқӣ ва масофаи танги 5м байни сутунҳо, тавре ки дар нақшаи зер нишон дода шудааст, иборат аст.

Генератори барқӣ, ки импулсҳоро тавлид мекунад, неруи барқ талаб менамояд (гарчанде ки миқдори он хеле кам — тақрибан 10-15 ватт мебошад). Азбаски дар чунин минтақаҳо одатан барқ дастрас нест, насби низоми хурди офтобӣ бо батареяи эҳтиётӣ тавсия мешавад. Панели иқтидораш 50Вт комилан кофӣ мебошад — ва батареяи 12V (волт) 50-100 Ah (ампер-соат) кафолат медиҳад, ки ҳатто шабона ё пас аз як ҳафтаи пурраи борон бе офтоб низ ҳифзи минтақа таъмин гардад.
Азбаски як генератор метавонад то 10км симтурро бо неру таъмин намояд (ва моделҳои калонтар 2 ё 3 маротиба бештар аз ин), арзиши симтуркашии офтобӣ пурра ба дарозии он вобаста нест. Нархи ҷузъҳои электронӣ ва манбаи таъминоти неру тақрибан 470 доллар мебошад — новобаста аз дарозии симтур. Аммо ҳамаи ҷузъҳои дигар ба миқдоре лозим мешаванд, ки ба дарозии симтур мутаносиб аст — ва онҳо нисбат ба девори физикӣ арзонтаранд. Барои 1км симтуркашии барқии офтобӣ хароҷот чунин аст:


Солнечная энергетическая система и её компоненты

Муқоисаи симтуркашии барқии офтобӣ ва симтуркашии анъанавии симтӯрӣ
Тавре дар боло нишон дода шуд, симтуркашии барқии офтобӣ нисбат ба дигар намудҳои муҳофизат як қатор афзалиятҳо дорад. Муҳимтарини онҳо арзиши камтари насб барои симтуркашиҳои миёна ва дароз мебошад.
Диаграммаи зерин ин таъсирро дар муқоиса бо симтуркашии маъмулии симтӯрӣ, ки дар Тоҷикистон роиҷ аст, нишон медиҳад. Миқёси чап ҳаҷми сармоягузории заруриро (бо доллари ИМА) барои дарозиҳои гуногуни симтуркашӣ нишон медиҳад. Миқёси рост бо хати кабуд бартарии симтури барқи офтобиро нисбат ба анъанавӣ бо фоиз нишон медиҳад.
Маълум мегардад, ки симтури барқии офтобӣ танҳо барои дарозиҳои хеле кӯтоҳ (то тақрибан 200м) нисбат ба навъи анъанавӣ гаронтар аст. Сабаб дар сармоягузории ҳатмӣ барои таҷҳизоти барқии офтобӣ ва генератори импулс мебошад — ҳар ду хароҷоти доимӣ буда, аз дарозии симтуркашӣ вобаста нестанд. Аммо аллакай аз 250м сар карда, навъи офтобӣ арзонтар мегардад. Аз 1км ва бештар, бартарии нарх 43-48% -ро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти ҳамаи натиҷаҳои муқоиса, метавон чунин хулоса баровард:
Паёми асосӣ 1: Симтуркашии барқии офтобӣ барои дарозиҳои зиёда аз 1км тақрибан нисфи нархи симтуркашии анъанавии симтӯриро ташкил медиҳад.
Паёми асосӣ 2: Симтуркашии барқии офтобӣ барои ҳама гуна дарозии зиёда аз 200м нисбат ба симтуркашии анъанавии симтӯрӣ арзонтар аст.
Паёми асосӣ 3: Симтуркашии барқии офтобӣ нисбат ба дигар намудҳои симтуркашӣ ҳаҷми ба маротиб камтари корҳои насбро талаб менамояд.
Паёми асосӣ 4: Симтури барқии офтобӣ бехатар мебошад! Ба ғайр аз расонидани дарди кӯтоҳмуддат ва зудгузар, онҳо барои одамон ва ҳамаи ҳайвонот безарар мебошанд.
Паёми асосӣ 5: Симтуркашии барқии офтобӣ аз ҷиҳати муҳофизати ҳудуд баробар бо симтуркашии босифати симтӯрӣ самаранок мебошад. Аммо тарзи амал фарқ мекунад: симтуркашии барқӣ ҳайвонотро бозмедорад, бинобар ин онҳо дур меистанд. Симтуркашии симтӯрӣ бояд мустаҳкамтар бошад, зеро ҳайвонот кӯшиш мекунанд онро шикананд ё аз болояш ҷаҳанд.
Паёми асосӣ 6: Симтуркашиҳои барқии офтобӣ нисбат ба симтуркашии симтӯрӣ ба маконҳои дигар осонтар кӯчонида мешаванд.

Низоми симтури барқии офтобӣ дар деҳаи Чашмасори ноҳияи Мӯъминоод
Феҳристи таъмингарон ва тамосҳо барои симтурҳои барқии офтобӣ


